САҲМИЯҲОИ РОҒУН ДАР ХАТНАСУР

Март 17, 2010 14:36

Қӯрғонтеппа, 17 март. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Дар шаҳри Қӯрғонтеппа соли ҷорӣ  60  адад маьракаҳои мардумӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Хатичабону Ализода, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод. Ӯ мегӯяд, ки дар соли равон 22 тӯи домодию арусӣ, 2 хатнасур,  17 чил  ва 19 маъракаи сол доир гардиданд. Дар моҳи феврал тӯйҳо бениҳоят кам гузаштанд, ки сабаби аслиаш агар ба истилоҳ  гӯем моҳи сафар буд. Мардум аз ин моҳ хело тарс доранд.  «Ба наздикӣ дар шаҳри Қурғонтеппа тӯи хатнасури 30 нафар оилаҳои камбизоатро дар тарабхонаи «Оби тоза», як тан соҳибкори ин шаҳр Нусратулло Файзулоев баргузор намуда, дар ин баробар ба онҳо саҳмияҳои НОБ «Роғун»- ро тақдим намуд», иброз дошт дар идомаи суханрониаш Хатичабону Ализода.  

Март 17, 2010 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад