СААД ВА САҲА ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

Март 12, 2010 10:12

            Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар»). —   Муншии  умумии  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  Николай  Бордюжа  ва  директори Маркази  пешгирии   муноқишаҳои  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо  Герберт Залбер 11 март  дар  Маскав  машварати  корӣ  анҷом  доданд.             Зимни  мулоқот  самтҳои  асосии  ҳамкории  ҳар  ду  созмон  баррасӣ  карда  шуданд. Мусоҳибон  аз  ҷумла,   масъалаҳои  пешгирии  муноқишаҳо,  вокуниши  таъҷилӣ  ба вазъияти  бӯҳронӣ,  такмили   роҳу  усулҳои  истифодаи дипломатияи  пешгирикунанда ва амалӣ  сохтани  барномаҳои  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупоро   дар  мамлакатҳои  собиқи  Шӯравӣ  муҳокима  карданд.             Н.Бордюжа   зимни  сӯҳбат  масъалаи   зарурати   таҳкими  сохтори  амниятро   дар  қаламрави  мамлакатҳои  аъзои  созмон ба  миён  гузошта,  хабар  дод, ки   давлатҳои  аъзои СААД  пешниҳоди  Русияро  дар  бораи  имзои  Созишномаи нави  таъмини  амният  дар  минтақаи  Аврупо  ва  тадбирҳои  амалии  созмонро  дар  масъалаи  таъмини   сулҳу  суботи  байналмилалӣ  дастгирӣ  менамоянд.             Г.Залбер   ба Н.Бордюжа  дар  бораи  тағйироти  вазъияти   сиёсӣ  дар  давоми  як  соли  охир   хабар  дода,  аҳамияти  калони  истифодаи  роҳу  воситаҳои  мавҷудаи таҳкими сулҳу  субот  ва   имкониятҳои  ҳамкории  ҳар  ду  созмон   дар  масъалаи  Афғонистон  сухан ронд.               Ҳар  ду  ҷониб  роҷеъ  ба  нақши  раёсати  ҳозираи  САҲА  табодули назар намуда,  имкониятҳои  ҳар  ду  созмонро  дар бобати расонидани  кӯмак ба  Афғонистон  муҳокима  карданд.

Март 12, 2010 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад