СААД ВА САҲА ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар»). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва директори Маркази пешгирии муноқишаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Герберт Залбер 11 март дар Маскав машварати корӣ анҷом доданд. Зимни мулоқот самтҳои асосии ҳамкории ҳар ду созмон баррасӣ карда шуданд. Мусоҳибон аз ҷумла, масъалаҳои пешгирии муноқишаҳо, вокуниши таъҷилӣ ба вазъияти бӯҳронӣ, такмили роҳу усулҳои истифодаи дипломатияи пешгирикунанда ва амалӣ сохтани барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро дар мамлакатҳои собиқи Шӯравӣ муҳокима карданд. Н.Бордюжа зимни сӯҳбат масъалаи зарурати таҳкими сохтори амниятро дар қаламрави мамлакатҳои аъзои созмон ба миён гузошта, хабар дод, ки давлатҳои аъзои СААД пешниҳоди Русияро дар бораи имзои Созишномаи нави таъмини амният дар минтақаи Аврупо ва тадбирҳои амалии созмонро дар масъалаи таъмини сулҳу суботи байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд. Г.Залбер ба Н.Бордюжа дар бораи тағйироти вазъияти сиёсӣ дар давоми як соли охир хабар дода, аҳамияти калони истифодаи роҳу воситаҳои мавҷудаи таҳкими сулҳу субот ва имкониятҳои ҳамкории ҳар ду созмон дар масъалаи Афғонистон сухан ронд. Ҳар ду ҷониб роҷеъ ба нақши раёсати ҳозираи САҲА табодули назар намуда, имкониятҳои ҳар ду созмонро дар бобати расонидани кӯмак ба Афғонистон муҳокима карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






