САФАРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМРИКО БА АФҒОНИСТОН
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ғайричашмдошт 28 март ба Афғонистон рафт. Бо назарадошти таъмини бехатарӣ дар бораи сафари Б.Обама қаблан хабар дода нашуд. Бояд гуфт, ки ин сафари нахустини Президенти ИМА ба Афғонистон мебошад. Б.Обама дирӯз дар Кобул бо Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай мулоқот карда, бо фаъолияти ҷузъу томҳои низомии мамлакаташ шинос гардид, ки дар ин мамлакат ҷой дода шудаанд. Ӯ зимни мулоқот бо низомиёни Амрико дар пойгоҳи низомии Багром изҳори боварӣ намуд, ки ҷунбиши террористии «Толибон» ҳатман шикаст дода мешавад. Президенти Амрико изҳор намуд, ки агар «Толибон» дар Афғонистон ба сари ҳокимият оянд, ин ба ҳаёти шаҳрвандони ИМА таҳдид мекунад. Б.Обама изҳори боварӣ намуд, ки низомиёни мамлакаташ дар Афғонистон ҳатман вазифаи худро бошарафона иҷро хоҳанд кард. Вай дар баробари ин зикр намуд, ки дар мубориза ба муқобили «Толибон» ҳанӯз душвориҳои зиёд мавҷуданд ва артиши Афғонистон ҳамроҳи низомиёни НАТО дар ҷараёни он ҳатман қурбониҳо хоҳанд дод. Ба қавли намояндаи Қасри сафед, Президенти ИМА чанд рӯз пеш аз сафараш ба Афғонистон аз фармондеҳи ҷузъу томҳои низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон Стенли Маккристал ва сафири ИМА дар Афғонистон Карл Айкенберри дар бораи вазъияти ин мамлакат маълумоти тоза гирифта буд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






