САФАРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМРИКО БА АФҒОНИСТОН

Март 29, 2010 11:48

Душанбе,  29 март. (АМИТ «Ховар»). —  Президенти  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  Барак  Обама  ғайричашмдошт  28  март   ба  Афғонистон  рафт. Бо  назарадошти таъмини   бехатарӣ  дар  бораи  сафари  Б.Обама  қаблан  хабар  дода нашуд. Бояд  гуфт, ки  ин  сафари  нахустини Президенти  ИМА  ба  Афғонистон  мебошад. Б.Обама   дирӯз  дар  Кобул   бо  Президенти  Афғонистон  Ҳамид  Карзай  мулоқот  карда, бо  фаъолияти  ҷузъу  томҳои  низомии  мамлакаташ  шинос  гардид, ки  дар  ин  мамлакат  ҷой  дода шудаанд. Ӯ зимни  мулоқот  бо  низомиёни  Амрико  дар  пойгоҳи  низомии  Багром  изҳори  боварӣ  намуд, ки ҷунбиши   террористии «Толибон» ҳатман  шикаст  дода  мешавад.  Президенти  Амрико  изҳор  намуд, ки   агар  «Толибон»  дар  Афғонистон  ба  сари  ҳокимият  оянд, ин  ба  ҳаёти  шаҳрвандони    ИМА  таҳдид  мекунад. Б.Обама  изҳори  боварӣ  намуд, ки  низомиёни  мамлакаташ дар  Афғонистон  ҳатман  вазифаи  худро  бошарафона  иҷро  хоҳанд  кард.  Вай  дар  баробари  ин  зикр  намуд, ки  дар  мубориза ба  муқобили  «Толибон»  ҳанӯз  душвориҳои  зиёд мавҷуданд ва  артиши  Афғонистон  ҳамроҳи   низомиёни  НАТО  дар  ҷараёни он  ҳатман  қурбониҳо  хоҳанд  дод.  Ба  қавли  намояндаи  Қасри  сафед, Президенти  ИМА  чанд  рӯз  пеш  аз  сафараш ба  Афғонистон  аз  фармондеҳи  ҷузъу  томҳои  низомии  ИМА  ва  НАТО  дар  Афғонистон  Стенли  Маккристал ва  сафири  ИМА  дар  Афғонистон  Карл Айкенберри  дар  бораи  вазъияти  ин  мамлакат  маълумоти тоза  гирифта буд.

Март 29, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид