САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Баъди чошти имрӯз сафари давлатии Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Тоҷикистон ба охир расид. Дар фарҷоми сафари Президенти ин мамлакати бо мо дӯст шаш ҳуҷҷати байниҳукуматии ҳамкорӣ имзо карда шуд. Президенти Туркманистон имрӯз инчунин ҳамроҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар тантанаҳои бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ширкат варзид. Вай ҳозиронро ба муносибати иди баҳор табрик намуда, зикр кард, ки мардуми туркман ҳам Наврӯзро бо тамоми суннатҳояш ҷашн мегирад. Наврӯзи оламафрӯз иди умумии халқҳои Осиёи Марказӣ буда, онҳоро ба ҳамдигар наздиктару қаринтар мегардонад. Нависандагону шоирони тоҷик ва туркман дар асарҳои худ Наврӯзи оламафрӯзро бо тамоми нозукиҳояш васф кардаанд. Шоирони классики тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз ва шоири туркман Махтумқулӣ асарҳои худро ба мавзӯзъҳои Наврӯзу баҳор, дӯстӣ ва инсонпарварӣ бахшидаанд. Халқҳои туркман ва тоҷик имрӯз анъанаҳои неки ниёгони худро давом медиҳанд. Ба ин густариши муносибатҳои ҳамаҷонибаи Туркманистон ва Тоҷикистон равшан шаҳодат медиҳад. Боварии комил дорам, ки вусъати равобити дӯстонаи халқҳои туркман ва тоҷик ҷавобгӯӣ манфиатҳои куллии ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Туркманистон баъди чошти имрӯз аз Душанбе ба ватан баргашт.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






