САФАРИ ДИРЕКТОРИ ХАДАМОТИ ФЕДЕРАЛИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАДОРИ РУСИЯ БА АФҒОНИСТОН
Маскав, 17 март. (АМИТ «Ховар», Халима Хушқадамова). – Раиси Кумитаи давлатии мубориза ба муқобили маводи нашъадор, директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори ин мамлакат Виктор Иванов барои боздиди корӣ ба Давлати Исломии Афғонистон рафт. В.Иванов 16 март дар Кобул бо ноиби Президенти Афғонистон Карим Халилӣ мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба кам кардани истеҳсоли маводи нашъадор дар Афғонистон ва маҳдуд сохтани интиқоли он ба мамлакатҳои дигар муҳокима шуданд. Зикр шуд, ки муборизаи самарабахш ба муқобили маводи нашъадор бе пешрафти иқтисодию фарҳангии мамлакат имконнопазир аст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ин мулоқоти дуюми В.Иванов бо Карим Халилӣ мебошад. Онҳо бори аввал моҳи майи соли 2009 дар Маскав мулоқот карда буданд. В.Иванов дирӯз инчунин бо раисони палатаҳои таҳтонӣ ва фавқонии парлумони Афғонистон Юнуси Конунӣ ва Сибқатулло Муҷаддадӣ мулоқот кард. Баъдан дар сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Кобул машварати намояндагони созмонҳои зидди маводи нашъадори мамлакатҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Русия, ИМА, Британияи Кабир, Италия, Олмон, Чин, Эрон, Қазоқистон ва мамлакатҳои дигар ширкат варзиданд. В.Иванов шоми дирӯз барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Сафари кории В.Иванов ба Афғонистон то 18 март давом мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






