САНДАЛӢ САБАБИ БА АМАЛ ОМАДАНИ СӮХТОР ГАШТ
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 20 ҳазору 230 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов, масоҳати умумии сӯхторҳо 409 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 7, вилояти Хатлон – 4, шаҳри Душанбе – 1, ноҳияи Рӯдакӣ — 1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса аз беэҳтиётона истифода бурдани сандалӣ сабаби ба амал омадани сӯхтор дар манзили истиқоматии шаҳрванд Ғолибҷон Қаюмов истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд, гашт. Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 35 метри мураббаъ молу амволи хона сӯхта зарар дид. Тафтиш муайян намуд, ки гунаҳкор соҳибхоназан Муҳайё Қаюмоваи 21 сола буда, зарар аз сӯхтор 2 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






