САНДАЛӢ САБАБИ БА АМАЛ ОМАДАНИ СӮХТОР ГАШТ

Март 1, 2010 11:45

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 20 ҳазору 230 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов, масоҳати умумии сӯхторҳо 409 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 7, вилояти Хатлон – 4, шаҳри Душанбе – 1, ноҳияи Рӯдакӣ — 1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса аз беэҳтиётона истифода бурдани сандалӣ сабаби ба амал омадани сӯхтор дар манзили истиқоматии шаҳрванд Ғолибҷон Қаюмов истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд, гашт. Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 35 метри мураббаъ молу амволи хона сӯхта зарар дид. Тафтиш муайян намуд, ки гунаҳкор соҳибхоназан Муҳайё Қаюмоваи 21 сола буда, зарар аз сӯхтор 2 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.  

Март 1, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар