ШАФҚАТ — РАСМИ НАВРЎЗӢ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Шафқат ва дастгирии бечораву камбағал ва ятиму маъюбон яке аз расмҳои баргузидаи Наврӯзи ҳафтҳазорсолаи аҷдодии тоҷикон маҳсуб меёбад. Ниёгони мо таҷлили ин ҷашни бузургро бо эҳсону муроот ба мардуми камбағал ва силаи раҳм ба ятиму барҷомондагон оғоз менамуданд ва савобу дуои хайри онҳо муҷиби файзу баракат дар соли пешоянд мегардид. Ин анъанаи наҷиб имрўзҳо бо ибтикору ҷонибдории Сарвари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни ташкилоту корхона ва табақаҳои гуногуни кишвар вусъат меёбад. Вобаста ба ин 16 марти соли равон аз ҷониби Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба Мактаб-парваришгоҳи №1-и ноҳияи Рўдакӣ ба маблағи зиёда аз шаш ҳазор сомонӣ маводи хӯрока, ҳамчун кўмаки моддӣ расонида шуд. Кўмаки мазкур аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ғайра иборат буда, дастархони идонаи кўдакони ятим ва бепарастори мактаб-парваришгоҳи мазкурро оро хоҳад дод.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






