ШАФҚАТ — РАСМИ НАВРЎЗӢ

Март 17, 2010 13:40

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Шафқат ва дастгирии бечораву камбағал ва ятиму маъюбон яке аз расмҳои баргузидаи Наврӯзи ҳафтҳазорсолаи аҷдодии тоҷикон маҳсуб меёбад.  Ниёгони мо таҷлили ин ҷашни бузургро бо эҳсону муроот ба мардуми камбағал ва силаи раҳм ба ятиму барҷомондагон оғоз менамуданд ва савобу дуои хайри онҳо муҷиби файзу баракат дар соли пешоянд мегардид. Ин анъанаи наҷиб имрўзҳо бо ибтикору ҷонибдории  Сарвари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни ташкилоту корхона ва табақаҳои гуногуни кишвар вусъат меёбад. Вобаста ба ин 16 марти соли равон аз ҷониби Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба Мактаб-парваришгоҳи №1-и ноҳияи Рўдакӣ ба маблағи зиёда аз  шаш ҳазор сомонӣ маводи хӯрока, ҳамчун кўмаки моддӣ расонида шуд. Кўмаки мазкур аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ғайра иборат буда, дастархони идонаи кўдакони ятим ва бепарастори мактаб-парваришгоҳи мазкурро оро хоҳад дод.

Март 17, 2010 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид