СОҲИБКОРОНИ «ПАНҶШАНБЕ» ДАР ХАРИДОРОИИ САҲМИЯҲО ФАЪОЛАНД

Март 5, 2010 14:47

Суғд, 5 март. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Аҳли бозори марказии шаҳри Хуҷанд — «Панҷшанбе» аз Муроҷиатномаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро якдилона пуштибонӣ намуда, аз рӯзи нахустини ба фурӯш баромадани саҳмияҳо то имрӯз мунтазам харидорӣ менамоянд. 4 март гурӯҳи калони соҳибкорон ва фурӯшандагони бозори «Панҷшанбе» барои харидории навбатии саҳмияҳои ин иншооти тақдирсоз, ба намоиши саҳмгузорӣ ҷиҳати вусъат бахшидани сохтмони ин нерӯгоҳ баромада, ба маблағи зиёда аз 40 ҳазор сомонӣ саҳмия ва сертификатҳои ҶСК НБО «Роғун»-ро хариданд. Маврид ба зикр аст, ки соҳибкорони бозори «Панҷшанбе» бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро ору номуси ҳар фарди миллатдӯст ва ояндаи дурахшони кишвар дониста, то имрӯз ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ саҳмия ва сертификатҳои ин иншооти муҳими асрро харидорӣ намудаанд.   

Март 5, 2010 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад