СОҲИБКОРОНРО МЕОМӮЗАНД

Март 10, 2010 16:31

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 19 март дар мавзӯи "Тартиби истифодабарии системаи соддакардашудаи  ҳисобот ва ба ҳисобгирӣ  дар субъэктҳои соҳибкории хурд" семинар-машварат доир менамояд. Тавре аз Хадамоти матбуоти  Кумитаи андоз ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 11 март чунин семинар бо иштироки соҳибкорони ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури Раёсати андози шаҳри Душанбе, ки ба тарзи соддакардашудаи  ҳисобот фаъолият менамоянд, баргузор мегардад. Дар ин семинар-машваратҳо ҳамчунин оид ба  ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба системаи соддакардашуда мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.        Чунин семинар-машваратҳо то 19-уми март дар шаҳрҳои ноҳияҳои дигари Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Конибодом гузаронида мешаванд.

Март 10, 2010 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд