СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ СААД ДАР СММ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Март 16, 2010 13:56

Маскав, 16 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). – Созмони  Милали  Муттаҳид  Созишномаи  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъиро  дар  бораи  эҷоди  сулҳ  ба  қайд  гирифт. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   созишномаи  мазкурро   сарони  давлатҳои  аъзои СААД  моҳи  октябри  соли  2007  дар  шаҳри  Душанбе  имзо  карда  буданд  ва он   моҳи  январи  соли  2009  эътибори  қонунӣ  пайдо  намуд. Созишнома  ташкили Қувваҳои  доимоамалкунандаи  ҳомии  сулҳи  СААД – ро пешбинӣ  менамояд. Давлатҳои  аъзои он  барои ташкили  қувваҳои  ҳомии  сулҳ  ҷузъу  томҳо  ҷудо  менамоянд. Ҷузъу  томҳои  мазкур  аз рӯи  барномаи  ягона  машқ  карда, бо  навъҳои навтарини  техника  ва  лавозимоти  ҳарбӣ  таъмин  гардида, дар  машқҳои  муштараки  ҳарбӣ  иштирок  хоҳанд  кард. Тибқи  ҳуҷҷат,  Қувваҳои  ҳомии  сулҳи  СААД бо  қарори  Шӯрои  амнияти  СММ чӣ  дар қаламрави  мамлакатҳои  аъзои  созмон ва  чӣ  дар  минтақаҳои  дигари  ҷаҳон   дар   амалиёти  ҳифзи  сулҳ  иштирок  карда  метавонанд.

Март 16, 2010 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд