СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ СААД ДАР СММ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Маскав, 16 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Созмони Милали Муттаҳид Созишномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар бораи эҷоди сулҳ ба қайд гирифт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки созишномаи мазкурро сарони давлатҳои аъзои СААД моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе имзо карда буданд ва он моҳи январи соли 2009 эътибори қонунӣ пайдо намуд. Созишнома ташкили Қувваҳои доимоамалкунандаи ҳомии сулҳи СААД – ро пешбинӣ менамояд. Давлатҳои аъзои он барои ташкили қувваҳои ҳомии сулҳ ҷузъу томҳо ҷудо менамоянд. Ҷузъу томҳои мазкур аз рӯи барномаи ягона машқ карда, бо навъҳои навтарини техника ва лавозимоти ҳарбӣ таъмин гардида, дар машқҳои муштараки ҳарбӣ иштирок хоҳанд кард. Тибқи ҳуҷҷат, Қувваҳои ҳомии сулҳи СААД бо қарори Шӯрои амнияти СММ чӣ дар қаламрави мамлакатҳои аъзои созмон ва чӣ дар минтақаҳои дигари ҷаҳон дар амалиёти ҳифзи сулҳ иштирок карда метавонанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






