СУХАНРОНИИ Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ РЕСАНДАГ&#1250 ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Март 3, 2010 14:14

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Ёвон                    03 марти соли 2010     Ҳозирини мўҳтарам! Дўстони азиз! Дар марҳалаи таърихие, ки сохтмони иншооти бузургу тақдирсози давлати соҳибистиқлоламон – нерўгоҳи барқи обии Роғун ба ҳадафи ягона ва ғояи миллии мардуми шарифи мо табдил ёфта, бо маблағгузории давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон рўз ба рўз вусъати тоза пайдо карда истодааст, дар ҳудуди яке аз марказҳои калонтарини саноатии мамлакат — ноҳияи Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  корхонаи ресандагӣ ва оғози бунёди як қатор иншооти дигари таъйиноти саноативу кишоварзӣ, бешубҳа, рўйдодҳои фараҳбахши давраи созандагиву ободонии Ватани азизамон мебошанд. Ба кор оғоз намудани корхонаи ресандагии имрўзаро, ки боз як натиҷаи назарраси раванди неки созандагӣ буда, дар афзун гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҳиссаи арзанда хоҳад гузошт, ба ҳамаи шумо – ҳозирини мўҳтарам ва кулли сокинони заҳматпешаи ноҳияи Ёвон муборакбод гуфта, ба муассисону сармоягузорон ва бунёдгарону мутахассисони он изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям. Ҳамаи шумо хуб медонед, ки бо мақсади аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба кишвари содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додани Тоҷикистон мо ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук, ки пахта манбаи асосии ашёи хоми он буда, барои истеҳсолаш дар мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд, инчунин инкишофи боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва вусъат додани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ афзалияти бештар дода истодаем. Дар натиҷаи татбиқи як қатор барномаҳои ҳуқуматӣ, аз ҷумла барномаҳои рушди саноати сабук барои солҳои 2006-2015 ва коркарди пурраи нахи пахтаи дар кишварамон истеҳсолшаванда, инчунин барномаи рушди боғу токпарварӣ мо дар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Фархор ва Ёвон ба сохтмоникорхонаҳои навиресандагиву бофандагӣ, дўзандагӣ ва дар баробари ин, барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва истифодаи беҳтари иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, инчунин ба бунёду парвариши боғу токзорҳо дар саросари кишвар шурўъ кардем. Корхонаи ресандагии ноҳияи Ёвон, ки навбати аввали он имрўз ба истифода дода шуд, дар доираи барномаи зикршуда бунёд гардида, дорои иқтидори коркарди чор ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад ва навбати аввали он 140 нафар шаҳрвандони моро бо ҷойи доимии кор таъмин мекунад. Дар ояндаи наздик, яъне то соли 2014-ум дар корхонаи мазкур истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дўзандагӣ низ ба роҳ монда мешавад ва 800 ҷойи нави кор фароҳам оварда хоҳад шуд. Бо дарназардошти ин, ба кишоварзони ноҳия, хусусан ба хоҷагиҳое, ки дар пахтакорӣ таҷрибаи калон доранд, зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоид кишт ва парвариши пахтаро вусъат дода, инчунин доир ба баланд бардоштани ҳосилнокии он аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд. Ҳамчунин мо имрўз дар ноҳия ба бунёди 200 гектар боғи нав ҳусни оғоз бахшидем, ки он дар доираи иҷрои барномаи рушди боғу токпарварӣ ва дар асоси супориши моҳи июни соли гузашта дар маҷлиси роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон гузоштаи Сарвари давлат сурат гирифт. Илова бар ин, аз гармхонаи навтаъсиси ноҳия боздид намудем, ки ин иқдомот дар роҳи рушди боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ қадамҳои устувор мебошанд, вале мехоҳам таъкид намоям, ки дар шароити ноҳияи Ёвон ва дар муқоиса бо имкониятҳои мавҷуда ҳанўз қонеъкунанда нестанд. Зеро ноҳияи Ёвон яке аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии Тоҷикистон буда, корхонаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзии он дар таъмини нақшаҳои дурнамои пешрафти иқтисодиёт ва фаровонии дастархони мардуми кишвар нақши назаррас доранд. Дар ин замина тадриҷан фаъол гардидани корхонаҳои саноатии дорои аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ, ки дар қаламрави ноҳия мавҷуданд ва сохта ба истифода дода шудани корхонаҳои нав, инчунин роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат — Қўрғонтеппа, ки қисми асосии он дар ҳудуди ноҳияи Ёвон бунёд гардида истодааст, нақши ноҳияро дар рушди соҳаи саноати кишвар боз ҳам муассиртар мегардонад. Дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон — Қурғонтеппа, ки соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифта буд, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон супориш дода будам, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда бунёди ин иншооти ниҳоят муҳимро тезонанд. Чунки дар ояндаи начандон дур ин роҳ пойтахти кишварро бо шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мепайвандад ва дар сурати амалӣ шудани лоиҳаи мазкур корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзони ноҳияи Ёвон имкони бештар пайдо мекунанд, ки маҳсулоти  истеҳсолкардаи худро тавассути қатора, яъне нақлиёти нисбатан арзон интиқол диҳанд ва даромади зиёдтар гиранд. Аз ин лиҳоз, ҳукумати мамлакат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ёвон, ки дорои имконияту захираҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ мебошад, таваҷҷўҳи хоса дорад. Соли гузашта аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба ноҳия қариб 2 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд. Танҳо дар давоми соли гузашта дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои 770 нафар хонанда мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва барои қабул намудани 250 нафар беморон дармонгоҳҳо сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин қасри фарҳанг, китобхонаҳои марказӣ ва бачагонаи ноҳия таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. ҳоло дар ноҳия бо мақсади беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, инфраструктураи деҳот ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ 5 лоиҳаи инвеститсионӣ, ки маблағи умумии онҳо қариб ҳафтуним миллион сомониро ташкил медиҳад, мавриди татбиқ қарор доранд. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳуҷҷатгузории замин, корҳои геодезиву харитакашӣ, хатти эҳтиётии барқ барои хонаи маъюбону пиронсолон, хатти интиқоли гази шаҳраки Ёвон, сохтмони биноҳои таълимӣ дар як қатор деҳаҳои ноҳия, таъминоти мактабҳо бо китобҳои дарсӣ ва муассисаҳои тандурустӣ бо лавозимоти зарурӣ ба ҷо оварда шуданд. Чанд лаҳза пештар дар маросими оғози сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит зикр намудам, ки ҳукумати мамлакат бо ин мақсад қариб 200 миллион сомонӣ сармояи хориҷиро ҷалб кардааст, ки то имрўз аллакай ба маблағи беш аз 100 миллион сомонӣ таҷҳизот ва масолеҳи зарурӣ ба ҳудуди ноҳия оварда шудааст. Илова бар ин, дар ояндаи наздик дар наздикии корхонаи мазкур боз як қатор корхонаҳои дигар, аз ҷумла доир ба истеҳсоли намакҳои фтордор ва кислотаи сулфат ба маблағи умумии зиёда аз 200 миллион сомонӣ бунёд мегарданд, ки баъди ба истифода супоридани онҳо садҳо нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд.    ҳамчунин соли гузашта дар ноҳия бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 35 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2008-ум дуюним миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вале дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки барои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бартараф намудани бисёр масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ёвон имконияти зиёд мавҷуд аст. Ин пеш аз ҳама ба ташкили дурусти фаъолияти корхонаҳои саноативу кишоварзӣ ва аз ҷониби онҳо сари вақт пардохт гардидани андозҳо вобаста мебошад. Вале дар ин самт дар ноҳия ҳанўз як қатор камбудиву мушкилот вуҷуд доранд, ки иҷро нагардидани нақшаи солонаи ду намуди андоз – андоз аз фоида ва аз арзиши иловашуда аз ҷумлаи онҳо мебошад. Инчунин бақияпулиҳои зиёди андозро метавон зикр кард, ки маблағи умумии онҳо соли гузашта 11,5 миллион сомониро ташкил додааст. Маблағи қарз аз қувваи барқи истифодашуда дар ноҳия агар дар ибтидои соли гузашта 3,7 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас дар охири сол ҳаҷми он ба 13 миллион сомонӣ расидааст. Яъне ба ҷои кам шудан, баръакс беш аз се баробар афзудааст, ки зиёда аз 12 миллион сомонии он қарзи субъектҳои хоҷагидор мебошад. Корхонаву муассисаҳо инчунин аз пардохти маблағи гази истифодагардида қариб 2 миллион сомонӣ қарздор мебошанд. Ҳамзамон бо ин, қарзи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз хизмати обрасонӣ соли гузашта қариб шашуним миллион сомониро ташкил додааст, ки ҳамаи ин аз фаъолияти нокифояи истеҳсоливу хоҷагидории корхонаву муассисаҳои ноҳия гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рў, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, молия, кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи андоз, Ширкати «Барқи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктрансгаз», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон зарур аст, ки доир ба ташкили дурусти фаъолияти истеҳсоливу хоҷагидории корхонаҳои саноативу кишоварзии ноҳия, бартараф кардани бақияпулиҳои андоз ва қарз аз истифодаи барқу газ ва об тадбирҳои муассир андешанд. Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки истеҳсоли пахта дар ноҳия сол ба сол коҳиш ёфта истодааст. Танҳо соли гузашта нисбат ба соли 2008-ум истеҳсоли он қариб 6 ҳазор тонна кам шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои ирригатсионӣ ва маданияти заминдорӣ ҳолати мелиоративии қариб 3 ҳазор гектар замини ноҳия ғайриқаноатбахш мебошад. Ҳамчунин, дар шароите, ки мо бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат масъалаи истифодаи оқилона ва самараноки ҳар ваҷаб заминро ба миён гузоштаем ва зарурату аҳамияти ин масъаларо такрор ба такрор таъкид мекунем, танҳо соли гузашта дар қаламрави ноҳия беш аз 800 гектар замини корам, аз ҷумла 300 гектар замини обӣ аз истифода берун мондааст. Гузашта аз ин, соли гузашта дар ноҳия 178 ҳодисаи қонуншиканӣ доир ба истифодаи ғайриқонунии зиёда аз 2400 гектар замин ошкор карда шудааст. Чунин муносибати бепарвоёна нисбат ба замини корам дар давраи бўҳрони молиявӣ, афзудани сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар ноҳия низ, ки замин ҷойи кор, манбаи ризқу рўзӣ ва рўзгори ободу осоиштаи мардум аст, кори оқилона нест. Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ёвон супориш дода мешавад, ки дар бораи баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои корам, истифодаи оқилонаву самарабахши ҳар ваҷаб замини кишт ва пеш аз ҳама, заминҳои обӣ, инчунин васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ чораҳои доимӣ ва муассир  андешанд. Ҳоло, ки фасли баҳор, яъне айёми кишту кор фаро расидааст, роҳбарону масъулони ноҳия, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳамаи онҳое, ки бо замин сару кор доранд, бояд аз ҳар рўзи мусоид самаранок истифода бурда, барои ба даст овардани ҳосили баланд заминаи мустаҳкам гузоранд. Ҳамчунин бо истифода аз фурсат ба мардуми шарифи ноҳия бори дигар хотирнишон месозам, ки аз ҳоло дар фикри захираи дусолаи маводи озуқаворӣ бошанд, муқаррароти қонун дар бораи танзими расму оинҳоро, ки аллакай ҳар як хонавода манфиати онро дида истодааст, риоя намоянд ва умуман сарфаю сариштакориро, ки яке аз беҳтарин хислатҳои рўзгори миллати куҳанбунёди мо мебошад, ба одати доимии худ табдил диҳанд.   Ҳозирини гиромӣ! Дар марҳалае, ки мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқавории он ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро ҳадафҳои стратегии худ қарор дода, барои дар солҳои наздиктарин амалӣ гаштани онҳо ҳамаи захираву имкониятҳои доштаамонро сафарбар кардаем, бояд имрўз нисбат ба дирўз ва имсол нисбат ба соли гузашта беҳтару хубтар кор карда, натиҷаву нишондиҳандаҳои кору фаъолиятамонро афзун гардонем. Бо дарки амиқи сиёсати давлат, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи ҳар як фарди ҷомеа ва ободии Ватани азизамон нигаронида шудааст, мову шумо бояд бо эҳсоси гарми ватандориву ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ба корҳои созандагӣ ва ободонӣ ҳамроҳ гардида, дар ин кори хайр саҳми арзандаи худро гузорем. Бори дигар таъкид месозам, ки ҳар кадоми шумо – роҳбарону мутахассисон, соҳибкорону масъулони хоҷагиҳои кишоварзӣ бояд дар истифодаи оқилона ва самарабахши замин, вусъати кишти такрорӣ, бунёди корхонаҳои саноативу коркарди маҳсулот, бунёди боғу токзорҳои нав, рушди соҳибкории хурду миёна ва пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, сохтмони мактабу синфхонаҳо, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, дастгирии эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камбизоат, ҳарчи зудтар гузаштан ба истифодаи лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, риояи қатъии қонуният, инчунин ба раванди неки созандагӣ раҳнамоӣ кардани мардум, аз ҷумла ҷавонон намунаи ибрати дигарон бошед. Имрўзҳо, ки бунёди нерўгоҳи Роғун ва расидан ва истиқлолияти энергетикӣ ба ҳадафи неку муқаддаси миллӣ табдил ёфта, хурду калон, пиру ҷавон ва ҳамватанони бурунмарзии моро ба харидории саҳмияҳои он ҳавасманд гардонидааст, ба ҳар як роҳбар ва шахси масъул, аз ҷумла ҳар як фарди худогоҳу бедордил ва ватандўст, деҳқонону соҳибкорони бонангу номус зарур аст, ки манфиати халқу Ватани азизи худро аз дигар манфиатҳо боло гузошта, ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ, рўзгори неки фарзандону наберагон содиқонаву софдилона кору фаъолият намоянд ва дар раванди созандагиву бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи ватандўстонаи худро гузоранд. ҳар кадоми мо аз ҳоло бояд дар андешаи он бошем, ки санаи бузургу фархундаи миллӣ, яъне бистумин солгарди истиқлолияти Ватани азизамонро бо чӣ дастовардҳо истиқбол мекунем. Итминон дорам, ки сокинони пурғайрат ва бонангу номуси ноҳияи Ёвон бо заҳмати пурмаҳсули худ  солҳои наздиктарин ба комёбиҳои назарраси истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва пешрафти тозаи соҳаи саноат ноил гардида, шўҳрати собиқаи худро барқарор месозанд. Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо фаъолон ва заҳматкашони ноҳия барори кор ва сарбаландӣ орзумандам. Дар охир пешниҳод менамоям, ки бо умеди таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ҳамчун шарти муҳимтарини дастовардҳои ояндаи халқи тоҷик ва давлати тоҷикон боғе, ки бунёди он имрўз оғоз гардид, Боғи ваҳдат номида шавад. Инчунин ба ифтихори ҷашни бузурги соҳибихтиёрии давлатамон, ки соли оянда таҷлил хоҳем кард, корхонаи навбунёди ресандагии ноҳия «20-солагии истиқлолият» номгузорӣ гардад.  Саломат бошед!

Март 3, 2010 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест