ТӮҲФАҲОИ НАВРӮЗӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ

Март 26, 2010 17:08

Душанбе,  26  март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Бо ташаббуси Хадамоти  муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни наврӯзи хӯҷастапай ба мактаб — интернати   ятимону бепарасторон ва кӯдакони аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон кӯмаки хайрия расонида шуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти  муҳоҷирати ВКД ҶТ иттилоъ доданд,  дар арафаи ҷашнгирии ин иди баҳор ҳайати шахсии кормандони Хадамоти муҳоҷират барои амалӣ намудани ин кори хайру савоб маҳсулоти хӯрокворӣ аз қабили 30 халта орд, 5 халта шакар, 65 кило равған, гӯшту макарон ва дигар маҳсулоти заруриро, ба маблағи 4 ҳазору 500 сомонӣ харидорӣ намуда, ба мактаб — интернати мазкур супориданд. Инчунин дар таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ аз ҷониби ҳайати шахсии кормандони Хадамоти муҳоҷират ба боғчаи бачагонаи №17-и ноҳияи Шоҳмансур кӯмаки хайрия расонида шуд.  Ба ин боғчаи бачагона маҳсулоти озуқавории равған, гӯшту асал, шириниву кулчақандҳо, сабзавоту афшураи мева ва  ғайра, ки ҳаҷми умумии он 1 ҳазору 700 сомониро ташкил мекард, кӯмак расониданд.

Март 26, 2010 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад