ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ВА СУДИ ОЛИИ ҶТ

Март 4, 2010 17:51

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Муовини прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзошариф Шарипов ва Абдулҳамид Нуралиев аз вазифаи  муовинҳои прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд. Абдуќодир Муҳаммадиев Муовини аввали прокурори генералӣ, Хайрулло Саидов Муовини прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рашид Гулматшоев Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Басбӣ Холова ва ба вазифаи Муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси коллегияи ҳарбӣ Абдуҷабор Сатторов таъин гардиданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Март 4, 2010 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд