ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ВА СУДИ ОЛИИ ҶТ
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Муовини прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзошариф Шарипов ва Абдулҳамид Нуралиев аз вазифаи муовинҳои прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд. Абдуќодир Муҳаммадиев Муовини аввали прокурори генералӣ, Хайрулло Саидов Муовини прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рашид Гулматшоев Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Басбӣ Холова ва ба вазифаи Муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси коллегияи ҳарбӣ Абдуҷабор Сатторов таъин гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






