ТАҶЛИЛИ 50 — СОЛАГИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ

Март 31, 2010 10:42

Душанбе,  31 март. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). —  30  март ба  таъсиси  Палатаи  савдо  ва  саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  50   сол  пур  шуд. Ба  ин  муносибат   дар Коҳи  Ваҳдат  маҷлиси  ботантана  баргузор  гардид. Дар  маҷлис  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҷумҳурӣ  Шариф  Саид   маърӯза  кард. Вай  зикр  намуд, ки  кормандону   мутахассисони  палата  бо  истифода  аз  таҷрибаи  соҳибкорию   тиҷоратии   мамлакатҳои  ҷаҳон  барои  пешрафти  иқтисодиёти  мамлакат  тадбирҳои  судбахш  меандешанд. Бо  ин  мақсад   ҳамкорӣ бо  палатаҳои  савдо  ва  саноати  мамлакатҳои  дигар  вусъат  дода,  гуфтушунидҳо ташкил  намуда,   қарордоду  созишномаҳо  имзо  карда мешаванд. Палатаи  савдо  ва  саноати  мамлакат   дар  давоми  50 соли   фаъолияташ  нишон  дода  тавонист, ки  ҷузъи  муҳимтарини  ҳаёти  иқтисодии  Тоҷикистон  буда,  ба  равнақу  ривоҷи  ҳамаҷонибаи   равобити байналхалқӣ  мусоидат  мекунад. Дар  палата   имрӯз  роҳу  усулҳои  санҷидашуда ва бо  эътимоди  ҳамкории  байналмилалӣ  ба  роҳ  монда  шудаанд. Қайд  карда  шуд, ки  бо  қарори  Шӯрои  вазирони   ҶШС Тоҷикистон  30  марти соли 1960 Палатаи  савдои  ҷумҳурӣ таъсис  дода шуд. Палата  ҳамон  вақт  бевосита  ба  ҳукумат   итоат  мекард. Ҳамон  сол  оинномаи  фаъолияти  палата  тасдиқ  намуда,  ҳадафу  вазифаҳои он  муайян  карда шуданд. Ш.Саид  афзуд, ки  яке  аз  самтҳои  муҳимтарини  фаъолияти   палата  вусъат  бахшидани  равобити  дуҷониба бо  палатаҳои савдо  ва  саноати  мамлакатҳои  хориҷӣ  мебошад. Палатаи савдо  ва  саноат  дар  давоми  солҳои  2004 – 2009   бештар  аз  156  намоишгоҳу  ярмарка  ташкил  намуд. Ташкили  чунин  намоишгоҳҳо ба   зиёд  гардидани ҳаҷми хариду  фурӯши  мол  ва ба  роҳ  мондани  муносибатҳои  самарабахши  ҳамкорӣ  мусоидат  менамояд.

Март 31, 2010 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад