ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Иди байналмилалии Наврӯз чанд рӯз пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Мисри Араб ботантана таҷлил карда шуд. Дар маросими таҷлили иди Наврӯз 200 нафар донишҷӯи тоҷик, ки дар мактабҳои олии Алазҳор, «Айн улшамс» ва Қоҳира таҳсил мекунанд, инчунин тоҷиконе, ки дар Миср кору зиндагӣ доранд, ширкат варзиданд. Наврӯз дар пойтахти Миср бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони донишҷӯёни тоҷик дар Миср ҷашн гирифта шуд. Кормандони сафоратхона аз фурсати мусоид истифода бурда, донишҷӯёнро даъват карданд, ки қонуну қоидаҳои зиндагиро дар Миср эҳтиром ва риоя намуда, хубу аъло хонанд ва ба халқу мамлакати худ содиқона хизмат кунанд. Дар фарҷоми ҷашн мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Наврӯз 27 март дар маркази намоишгоҳҳои «Ин – Экспо» — и шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердлови Федератсияи Русия ба таври ботантана ва бошукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Дар иди Наврӯз кормандони Консулхонаи генералии Тоҷикистон, Консулхонаи генералии Қирғизистон, тоҷирону соҳибкорони тоҷику қирғиз, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни ҳар ду мамлакат иштирок намуданд. Намояндаи Консулхонаи генералии Тоҷикистон дар вилояти Свердлов ҷамъомадагонро аз номи Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев табрик намуд. Дар ҷамъомад вазири ҳамкории байналхалқӣ ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодии вилояти Свердлов Александр Харлов сухан кард. Вай зикр намуд, ки таҷлили иди Наврӯз дар Екатеринбург дар ҳаёти сокинони вилоят воқеаи муҳим ба шумор меравад. Наврӯз иди қадимаи мардуми тоҷик буда, сабабгори ба ҳамдигар наздик шудани миллатҳои гуногун мегардад. Умед аст, ки Наврӯз дар вилояти мо минбаъд ҳар сол ҷашн гирифта хоҳад шуд, гуфт А.Харлов. Ташкилкунандагони ид барои меҳмонон дастурхонаи идона ороста, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти қаннодиро ташкил намуданд. Айни ҳол дар Русия намояндагони бештар аз 100 халқу миллатҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд. Қайд карда шуд, ки таҷлили чунин ҷашнҳо муносибатҳои дӯстонаи халқу миллатҳои гуногунро мустаҳкамтар месозад.