ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ТЕҲРОН
Душанбе, 26 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тоҷикон ҷашни Наврӯзи хуҷастаро дар Теҳрон таҷлил карданд. Ба ин муносибат дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон базми пуршукӯҳи Наврӯзӣ ороста шуд, ки дар он кормандони Сафорати Тоҷикистон, донишҷӯён ва тоҷиконе, ки дар Теҳрон кору зиндагӣ менамоянд, ширкат намуданд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев ҷамъомадагонроро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба онҳо барору комёбӣ ва саодати рузгорро таманно кард. Дипломати тоҷик доир ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сухан карда, афзуд, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷашни Наврӯз ба ин кишвар сурат мегирад, ба тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт. Ҳамзамон, донишҷӯёни тоҷик бо барномаи ҷолиби консертии идона ба базмгаҳ шукӯҳи тоза бахшиданд. Ба донишҷӯён аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






