ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ЯРОСЛАВЛ

Март 26, 2010 16:58

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар»). —  Бо ташаббуси Ҷамъияти  тоҷикони   вилояти  Ярославл  23  март  дар  ин  ҷо иди байналмилалии  Наврӯз  ботантана  ҷашн  гирифта шуд. Ба  ин  муносибат  дар  маҷмааи  варзишии «Атлант»  ҷамъомади  ботантана  баргузор гардид. Дар он  тоҷиконе, ки  муваққатан  ё  доимӣ  дар  вилояти Ярославл  зиндагӣ  мекунанд,  намояндагони  ҷамъиятҳои  тоҷикони  минтақаҳои  дигари Русия  ва  аҳли  ҷамъияти  вилоят  ширкат  варзиданд. Ҷамъомадагонро   муовини  раиси   вилоят Александр  Ипатов, мушовири   раиси  вилоят  дар  масъалаҳои дин  Владимир  Кувшинов,  сафири  Тоҷикистон  дар  Русия  Абдулмаҷид  Достиев  ва  раиси  шӯъбаи  «Анҷумани   халқҳои  Русия»  дар  вилояти  Ярославл  Нурел Хосиев  табрик намуданд. А.Ипатов   зикр  намуд, ки   соли  равон  ҳазорсолагии   шаҳр  ботантана  ҷашн  гирифта  мешавад.  Вай  изҳори  умед  намуд, ки  минбаъд  иди  Наврӯз  низ  ҳар  сол ҷашн  гирифта  хоҳад  шуд. Сафири  Тоҷикистон  дар  Русия  Абдулмаҷид  Достиев дар  бораи   анъанаҳои  қадимаи  таҷлили  Наврӯз дар  Тоҷикистон ва  муносибатҳои дӯстонаю  ҳамкории  халқҳои  Тоҷикистону  Русия  сухан  ронд. Дар  қисми дуюми  ҷамъомад консерти  калони  идона  намоиш дода,  ва  мусобиқаҳои гуногуни  варзишӣ  ташкил  карда шуданд.

Март 26, 2010 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид