ТАЙЁРӢ БА НАВРӮЗ

Март 15, 2010 17:00

 Ваҳдат, 15 март. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). — Аз гуфтаи      раиси шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълум гардид, ки бахшида ба иди  Наврӯз аз ҷониби кооперативи истеҳсолии «Ёқут-Боғбунёд» таҳти роҳбарии Абдуҳалим Қодиров, дар майдони 32 гектар боғи токзор бунёд карда шуд, ки дар натиҷа бештар аз 200 нафар оила бо кор таъмин мегарданд. Инчунин дар шоҳроҳи Душанбе — Данғара нақби Чормағзак дар якҷоягӣ бо мутахассисони Чин корро оғоз менамоянд, ки дар ин рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон иштирок намуд.            Руқия Раҳматзода афзуд,ки рӯзи 17 март дар деҳаи Сангпар-и ҷамоати Дӯстии шаҳри Ваҳдат базми Наврӯзӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳр иштирок менамоянд. Рӯзи 21 март дар маркази боғи фароғатию фарҳангии шаҳр таҷлили иди Наврӯз ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз аз тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои ҳудуди шаҳр иштирок менамоянд, ки дар он гузаронидани тӯи сунатии камбизоатону бепарастон, эҳё  намудани суннатҳои қадимаи мардумӣ, барномаҳои ҷолиби консерти аз ҷониби ҳунармандон ва гӯштингирӣ ба маърази тамошобинон гузошта мешавад.    

Март 15, 2010 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд