ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА САВДОИ ХОРИҶӢ

Март 17, 2010 10:34

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба гуфти атташеи тиҷоратии сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ахмет Атакар, дар соли 2010 сармоягузории ширкатҳои Туркия дар соҳаи иқтисодиёт ва пеш аз ҳама дар соҳаи иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон зиёд мегардад. Боиси тазаккур аст, ки  таъсири бӯҳрони молиявӣ дар соли 2009 ба гардиши савдои хориҷии Туркияю Тоҷикистон бештар эҳсос шуд. Агар дар соли 2008 гардиши мол байни ин ду давлати бо ҳам дӯсту бародар беш аз 500 млн. доллари амрикоиро ташкил дода бошад, дар соли 2009 он то ба 200 млн. доллар коҳиш ёфт. Бо вуҷуди   ин мушкилот, ширкатҳои туркӣ фаъолияти худро дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон идома мебахшанд. Алҳол дар ҶТ  беш аз 30 ширкати Туркия дар корҳои сохтмону иншооти инфраструктурии ҶТ  фаъолона кор мекунанд. — Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки иқтисодиёти Тоҷикистонро танҳо  соҳаи гидроэнергетикӣ метавонад баланд бардорад, зеро Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ мебошад, ки ин бойгариро  дигар кишварҳо надоранд, — иброз дошт Ахмет Атакар.

Март 17, 2010 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд