ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА САВДОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти атташеи тиҷоратии сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ахмет Атакар, дар соли 2010 сармоягузории ширкатҳои Туркия дар соҳаи иқтисодиёт ва пеш аз ҳама дар соҳаи иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон зиёд мегардад. Боиси тазаккур аст, ки таъсири бӯҳрони молиявӣ дар соли 2009 ба гардиши савдои хориҷии Туркияю Тоҷикистон бештар эҳсос шуд. Агар дар соли 2008 гардиши мол байни ин ду давлати бо ҳам дӯсту бародар беш аз 500 млн. доллари амрикоиро ташкил дода бошад, дар соли 2009 он то ба 200 млн. доллар коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин мушкилот, ширкатҳои туркӣ фаъолияти худро дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон идома мебахшанд. Алҳол дар ҶТ беш аз 30 ширкати Туркия дар корҳои сохтмону иншооти инфраструктурии ҶТ фаъолона кор мекунанд. — Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки иқтисодиёти Тоҷикистонро танҳо соҳаи гидроэнергетикӣ метавонад баланд бардорад, зеро Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ мебошад, ки ин бойгариро дигар кишварҳо надоранд, — иброз дошт Ахмет Атакар.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






