«ТОҶИРОН» ҲАСТ, «TОJBOSCH» МЕШАВАД

Март 18, 2010 10:19

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми соли 2010 маҳсулоти иттиҳодияи калонтарини истеҳсолкунандаи мошинҳои сабукраву боркаш ва даҳҳо маҳсулоти молҳои маишии «BOSCh» барои мутахассисони Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба ҳайати намояндагони иттиҳодияи мазкур аз тайёр будан ба ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ кардааст. Мутахассисони тоҷик бо омӯзиши бозори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон истеҳсоли маҳсулоти зарурии ин иттиҳодияро дар Тоҷикистон ба роҳ  монданианд. Алҳол пешгӯӣ кардан мушкил, аммо дар сурате, ки Тоҷикистон бо мутахассисони эронӣ корхонаи саноатии «ТоҷИрон» — ро бунёд намуданд, «TOJBOSh» — ро ҳам сохта метавонанд.

Март 18, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд