ВАЗЪИ НОМУСОИДИ ТАЪЛИМ

Март 11, 2010 11:47

Хатлон, 11 март. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Вахш Гулмонов Сафар ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар ноҳия талабагони 7 мактаб дар вагонҳо ва 2 мактаби дигар дар хонаҳои шахсӣ таҳсил мекунанд. Сабаби ин вазъи номусоид нарасидани муассисаҳои таълимӣ мебошад.   Мувофиқи маълумоти мавҷуда 5 муассисаи таълимӣ аз ҷумла мактабҳои № 3, 7, 13, 47 ва 48  кӯҳнаю фарсуда буда,  5 мактаби дигар муваққатан дар хонаҳои шахсӣ  ва вагонҳо ҷой дода шудаанд. Сафар Гулмонов  иброз дошт, ки айни замон дар таълимгоҳҳо 540 адад миз ва 1252 курсӣ намерасад. Мувофиқи нақша бояд муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш то имрӯз бо 550 адад компютер таъмин мегардиданд, аммо то ба имрӯз 374  компютер ба мактабҳо оварда шудааст, ки ин 68%- и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Соли равон  вазорати маориф 77 нафар омӯзгори ҷавонро ба мактабҳои ноҳия фиристода буд, ки мутаассифона ҳамагӣ 35 нафари онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанду қисмати дигарашон то ҳол бекор мебошанд. Вазъияти таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳияи Бохтар ҳам хуб нест.Мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Мастура Орифова зимни сӯҳбат бо мухбири «Ховар» гуфт, ки тибқи нақша то имрӯз мебоист ба муассисаҳои таълимии ноҳия 590 компютер дода мешуд, аммо мактабҳои ноҳия имрӯз ҳамагӣ 438 компютер доранду халос. Ба қавли Мастура Орифова  муасиссаҳои таълимии ноҳия  айни замон ба 62 миз ва 124 курсӣ эхтиёҷ доранд. «Дар ҳамин шабу рӯз мактабҳои № 8,19, 25 ва 37  қариб тамоман хароб гардида, ба  таъмири пурра эҳтиёҷ доранд», — гуфт ӯ.   Дар  ноҳияи Бохтар 67 муасиссаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо 2102 нафар омӯзгор ба 46 ҳазору 593 хонанда дарс мегӯянд. Ин ҷо саволи мантиқие ба миён меояд, ки оё дар чунин шароит ба донишомӯзии талабагон ва омода сохтани кадрҳои саводнок умед бастан мумкин аст?  

Март 11, 2010 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад