ВАЗЪИ НОМУСОИДИ ТАЪЛИМ
Хатлон, 11 март. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Вахш Гулмонов Сафар ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар ноҳия талабагони 7 мактаб дар вагонҳо ва 2 мактаби дигар дар хонаҳои шахсӣ таҳсил мекунанд. Сабаби ин вазъи номусоид нарасидани муассисаҳои таълимӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда 5 муассисаи таълимӣ аз ҷумла мактабҳои № 3, 7, 13, 47 ва 48 кӯҳнаю фарсуда буда, 5 мактаби дигар муваққатан дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷой дода шудаанд. Сафар Гулмонов иброз дошт, ки айни замон дар таълимгоҳҳо 540 адад миз ва 1252 курсӣ намерасад. Мувофиқи нақша бояд муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш то имрӯз бо 550 адад компютер таъмин мегардиданд, аммо то ба имрӯз 374 компютер ба мактабҳо оварда шудааст, ки ин 68%- и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Соли равон вазорати маориф 77 нафар омӯзгори ҷавонро ба мактабҳои ноҳия фиристода буд, ки мутаассифона ҳамагӣ 35 нафари онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанду қисмати дигарашон то ҳол бекор мебошанд. Вазъияти таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳияи Бохтар ҳам хуб нест.Мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Мастура Орифова зимни сӯҳбат бо мухбири «Ховар» гуфт, ки тибқи нақша то имрӯз мебоист ба муассисаҳои таълимии ноҳия 590 компютер дода мешуд, аммо мактабҳои ноҳия имрӯз ҳамагӣ 438 компютер доранду халос. Ба қавли Мастура Орифова муасиссаҳои таълимии ноҳия айни замон ба 62 миз ва 124 курсӣ эхтиёҷ доранд. «Дар ҳамин шабу рӯз мактабҳои № 8,19, 25 ва 37 қариб тамоман хароб гардида, ба таъмири пурра эҳтиёҷ доранд», — гуфт ӯ. Дар ноҳияи Бохтар 67 муасиссаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо 2102 нафар омӯзгор ба 46 ҳазору 593 хонанда дарс мегӯянд. Ин ҷо саволи мантиқие ба миён меояд, ки оё дар чунин шароит ба донишомӯзии талабагон ва омода сохтани кадрҳои саводнок умед бастан мумкин аст?








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






