ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ МИСР БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Март 11, 2010 10:35

          Душанбе,  11 март. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). – Миёнаҳои  моҳи  майи  соли  равон  дар  шаҳри  Душанбе  маҷлиси   37 – уми  Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии давлатҳои  аъзои Созмони  конфронси  исломӣ  баргузор  мегардад.            Вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Мисри  Араб  Аҳмад  Абдулғайтро  даъват  намуд, ки   дар  маҷлиси  мазкур  ширкат  варзад.  Даъватномаро  ба  вазири  корҳои  хориҷии  Миср  сафири  кабири  Тоҷикистон  дар  ин  мамлакат   Нарзулло  Назаров  супорид. Вай   зимни  сӯҳбат  бо  хабарнигорон  изҳор  намуд, ки  Миср   дар  фаъолияти   Созмони   конфронси  исломӣ саҳми  калон  дорад. Ба  туфайли  иштироки  намояндаи он  дар  маҷлис   ҳамкории  мамлакатҳои  исломӣ  бештар  густариш  хоҳад  ёфт.           Сафир  зикр намуд, ки  маҷлиси  вазирони  корҳои  хориҷӣ  имсол  таҳти  шиори «Бештар  ривоҷ  додани  муносибатҳо  ва  ҳамкории  мамлакатҳои  исломӣ»  баргузор  мегардад.  Иштирокчиёни он   масъалаҳои   иқтисодӣ,  сиёсӣ,  фарҳангӣ  ва гуманитариро  баррасӣ  хоҳанд  кард.  

Март 11, 2010 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд