ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ МИСР БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Миёнаҳои моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе маҷлиси 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор мегардад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Абдулғайтро даъват намуд, ки дар маҷлиси мазкур ширкат варзад. Даъватномаро ба вазири корҳои хориҷии Миср сафири кабири Тоҷикистон дар ин мамлакат Нарзулло Назаров супорид. Вай зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Миср дар фаъолияти Созмони конфронси исломӣ саҳми калон дорад. Ба туфайли иштироки намояндаи он дар маҷлис ҳамкории мамлакатҳои исломӣ бештар густариш хоҳад ёфт. Сафир зикр намуд, ки маҷлиси вазирони корҳои хориҷӣ имсол таҳти шиори «Бештар ривоҷ додани муносибатҳо ва ҳамкории мамлакатҳои исломӣ» баргузор мегардад. Иштирокчиёни он масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






