ВОХУРИИ МИРЗОШОҲРУХ АСРОРӢ БО ҲАЙАТИ КОРИИ ЭКО

Март 10, 2010 15:35

Душанбе,  10  март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ  ҳайати кории Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО)-ро бо роҳбарии раиси он Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, ки бо сафари кории шашрӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, қабул намуд. Тавре, ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ тарафайн аз эълон гардидани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки соли 2011 таҷлили ҷашни Наврӯзи се давлати ҳамзабон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони хамкориҳои иқтисодӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон бисёр суннату маросим ва анъанаҳои наврӯзӣ то ҳанӯз боқӣ мондааст, ки дар Эрон аз байн рафтааст ва онҳоро бояд барои дигар кишварҳои узви ЭКО муаррифӣ намуд. Номбурда қайд намуд, ки Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо шеърҳои пурмазмуни худ натанҳо миёни мардуми форсзабон, балки дар ҷаҳон шинохта мебошанд ва тасмим гирифта шудааст то дар барномаи соли 2010-и ЭКО ҳамоишеро ба ифтихори ин шахсиятҳои бузург баргузор кунанд. Ёдрас мешавем, ки мақсад аз ин сафари ҳайати кории Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ кушодани намояндагии ЭКО дар Душанбе, ифтитоҳи фурўшгоҳи маҳсулоти фарҳангӣ-ҳунарии ЭКО дар шаҳри Хуҷанд ва ширкат дар Конфронси илмии «Имом-ал-Бухорӣ ва илми ҳадис» мебошад.  

Март 10, 2010 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад