ЗАН ДАСТ БА ҚИМОР ЗАД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар ҳудуди ноҳияи Турсунзода кормандони шӯъбаи 4 раёсати кофтукови ҷиноӣ далели ғайриқонунии ташкил намудани қиморхонаро ошкор намуданд. Тибқи иттилои корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ҳангоми гузарондани амалиёти махсус аз ҷониби кормандони раёсати кофтукови ҷиноии ВКД дар шаҳри Турсунзода муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Нормуродова Нигина соли таваллудаш 1981, Казаева Алия соли таваллудаш 1984, Эргашев Убайд соли таваллудаш 1984, Шоҳимардонов Алишер соли таваллудаш 1987 операторони хонаи қимор мебошанд. Онҳо дар толори бинои 192 шаҳри мазкур 45 адад автомати «тотализатор» — ро кор фармуда ғайриқонунӣ ба хонаи қиморбозӣ мубаддал намуданд. Аз онҳо далели шайъи ба маблағи 1 ҳазору 273 сомонӣ гирифта шуд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






