ҚАРЗИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ МЕАФЗОЯД

Апрель 29, 2010 11:00

Қӯрғонтеппа,  29 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод  Сотиев). —  Дар  вилояти  Хатлон  қарзи  истифодабарндагони об  торафт  зиёд  мегардад. Маблағи  қарзи  истифодаи  об  дар  вилоят  то 1  январи соли равон  71  миллиону 756  ҳазор  сомониро  ташкил  дод.  Дар  давоми  семоҳаи  аввали  сол   аз ин  маблағ 1 миллиону 756  ҳазор  сомонӣ  пардохта  шуду  халос. Пардохти  қарзи оби  истифодашуда дар   ноҳияҳои  Ҷилликӯл,  Ёвон, Ҷомӣ,  Бохтар  ва  Румӣ  ниҳоят  суст  ба  роҳ  монда шудааст. Сардори  раёсати  хоҷагии оби  вилоят  Мирзо  Собиров  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  дар  ҳудуди  вилоят  88  иттиҳодияи  истифодабарнадагони  об  фаъолият  дорад. Онҳо  масоҳати 122  ҳазору  702  гектар  заминро  бо  об  таъмин  менамоянд.  Фаъолияти  иттиҳодияҳои  истифодабарандагони оби ноҳияҳои  Панҷ,  Вахш ва  Бохтар  самарабахш  ва  фоидаовар  мебошад. Вале  фаъолияти  чунин  иттиҳодияҳо  дар  ноҳияҳои  Носири  Хусрав,  Ҷилликӯл,  Хуросон,  Ёвон  ва  Қабодиён  ба талабот  ҷавоб  намедиҳад.  Айни  ҳол  дар  минтақаи  Қӯрғонтеппа  аз 63  иттиҳодияи  истифодабарнадагони  об  17  иттиҳодия бо  сабаби  надоштани  маблағ  кор  намекунад.  

Апрель 29, 2010 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд