ҚАРЗИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ МЕАФЗОЯД
Қӯрғонтеппа, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар вилояти Хатлон қарзи истифодабарндагони об торафт зиёд мегардад. Маблағи қарзи истифодаи об дар вилоят то 1 январи соли равон 71 миллиону 756 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар давоми семоҳаи аввали сол аз ин маблағ 1 миллиону 756 ҳазор сомонӣ пардохта шуду халос. Пардохти қарзи оби истифодашуда дар ноҳияҳои Ҷилликӯл, Ёвон, Ҷомӣ, Бохтар ва Румӣ ниҳоят суст ба роҳ монда шудааст. Сардори раёсати хоҷагии оби вилоят Мирзо Собиров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҳудуди вилоят 88 иттиҳодияи истифодабарнадагони об фаъолият дорад. Онҳо масоҳати 122 ҳазору 702 гектар заминро бо об таъмин менамоянд. Фаъолияти иттиҳодияҳои истифодабарандагони оби ноҳияҳои Панҷ, Вахш ва Бохтар самарабахш ва фоидаовар мебошад. Вале фаъолияти чунин иттиҳодияҳо дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷилликӯл, Хуросон, Ёвон ва Қабодиён ба талабот ҷавоб намедиҳад. Айни ҳол дар минтақаи Қӯрғонтеппа аз 63 иттиҳодияи истифодабарнадагони об 17 иттиҳодия бо сабаби надоштани маблағ кор намекунад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






