Қ.БОҚИЕВ БА КУҶО МЕГУРЕЗАД ?

Апрель 16, 2010 09:40

Душанбе,  16 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Дар  Қирғизистон  ҷараёни  иваз  шудани  ҳокимияти  сиёсӣ  амалан  анҷом  ёфт. Аз  рӯи  хабарҳои расида, президент Қурмонбек  Боқиев  дар  бораи  аз  вазифа истеъфо  доданаш  ариза   навиштааст.  Тибқи  хабарҳои расида,  ӯ  ҳамроҳи  шахсони  наздиктаринаш  қаламрави  Қирғизистонро  тарк намуда,  бо  ҳавопаймо  ба  Қазоқистон  парвоз  кард. Баъзеҳо тахмин  мекунанд, ки Қ.Боқиев  аз  ин ҷо ба  Туркия  рафтан  мехоҳад. Белорусия  ва  Қазоқистон  15  апрел  ба  Боқиев  паноҳгоҳи  сиёсӣ  пешниҳод  намуданд. Хабар  дода  мешавад, ки  ҳавопаймои  Боқиев  шоми  дирӯз  дар  фурудгоҳи  шаҳри  Тирози Қазоқистон  фуруд  омад. Аз  рӯи  баъзе  хабарҳо  Қ.Боқиев  бо  дахолати  Қазоқистон,  Русия  ва  ИМА  розӣ  шуд, ки   аз ҳокимият  даст  кашида,  қаламрави  Қирғизистонро   тарк  намояд. Муовини  сарвазири  ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон  Алмазбек  Атамбоев  айни  ҳол  дар  Туркия  мусофират  дорад. Вай  дар  ин  ҷо  изҳор  намуд, ки  Боқиев  бояд  ба маҳкама  кашида, барои  ҷиноятҳои  содиркардааш  дар  назди  халқ  ҷавоб  диҳад. А.Атамбоев   афзуд, ки  тӯли  солҳои охир  Қ.Боқиев  тақрибан  50  фоизи  маблағи  ҷамъовардашудаи пардохтҳои  гумрукро  аз худ  кардааст. Ӯ Гуревич  ном тоҷирро  роҳбари  якчанд  корхонаи  калони  сердаромад  таъин  карда буд. Баъд  маълум  шуд, ки  Гуревич  ҷинояткори  ашаддии  байналхалқӣ  буда,  политсияи Италия  ӯро  ҷустуҷӯ  мекунад. Қайд  карда шуд, ки ҳукумати  Туркия   Қ.Боқиевро  қабул карда  метавонад. Вале   мардуми  Туркия  бояд  огоҳ  бошад, ки  чи гуна касеро  ба  хонаи  худ  роҳ  медиҳад, гуфт  Атамбоев.  

Апрель 16, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад