Қ.БОҚИЕВ БА КУҶО МЕГУРЕЗАД ?
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Дар Қирғизистон ҷараёни иваз шудани ҳокимияти сиёсӣ амалан анҷом ёфт. Аз рӯи хабарҳои расида, президент Қурмонбек Боқиев дар бораи аз вазифа истеъфо доданаш ариза навиштааст. Тибқи хабарҳои расида, ӯ ҳамроҳи шахсони наздиктаринаш қаламрави Қирғизистонро тарк намуда, бо ҳавопаймо ба Қазоқистон парвоз кард. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки Қ.Боқиев аз ин ҷо ба Туркия рафтан мехоҳад. Белорусия ва Қазоқистон 15 апрел ба Боқиев паноҳгоҳи сиёсӣ пешниҳод намуданд. Хабар дода мешавад, ки ҳавопаймои Боқиев шоми дирӯз дар фурудгоҳи шаҳри Тирози Қазоқистон фуруд омад. Аз рӯи баъзе хабарҳо Қ.Боқиев бо дахолати Қазоқистон, Русия ва ИМА розӣ шуд, ки аз ҳокимият даст кашида, қаламрави Қирғизистонро тарк намояд. Муовини сарвазири ҳукумати муваққатии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев айни ҳол дар Туркия мусофират дорад. Вай дар ин ҷо изҳор намуд, ки Боқиев бояд ба маҳкама кашида, барои ҷиноятҳои содиркардааш дар назди халқ ҷавоб диҳад. А.Атамбоев афзуд, ки тӯли солҳои охир Қ.Боқиев тақрибан 50 фоизи маблағи ҷамъовардашудаи пардохтҳои гумрукро аз худ кардааст. Ӯ Гуревич ном тоҷирро роҳбари якчанд корхонаи калони сердаромад таъин карда буд. Баъд маълум шуд, ки Гуревич ҷинояткори ашаддии байналхалқӣ буда, политсияи Италия ӯро ҷустуҷӯ мекунад. Қайд карда шуд, ки ҳукумати Туркия Қ.Боқиевро қабул карда метавонад. Вале мардуми Туркия бояд огоҳ бошад, ки чи гуна касеро ба хонаи худ роҳ медиҳад, гуфт Атамбоев.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






