ҚОНУН ДАР БОРАИ ИХТИРООТИ МАХФӢ ҚАБУЛ ШУД
Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайфулло Гиёев ва Хадича Ҳакимова дар ҷараёни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони мамлакат намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд. Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат ҳамчунин, дар ҷараёни иҷлосия лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»-ро баррасӣ ва қабул карданд. Инчунин, палатаи поёнии парлумони мамлакат Созишнома оид ба ҳифзи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва Созишнома оид ба Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба тасвиб расонид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






