ҚОНУНШИКАНОН ҶАЗО ДОДА МЕШАВАНД

Апрель 23, 2010 14:56

           Хуҷанд,  23  апрел. (АМИТ «Ховар», С.Мақсудова). –  Сардори  шӯъбаи пешгирии  ришвахӯрии  раёсати назорати  давлатии молиявӣ ва  мубориза ба  муқобили  коррупсияи  вилояти  Суғд  Обидҷон  Шарофов ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  дар  давоми  семоҳаи  аввали  соли  2010  бо  қарори  сардори  раёсат  17  нафар   корманди  мақомоти  андози  шаҳру  ноҳияҳои  қисмати  шимолии  мамлакат  барои иҷро  накардани  вазифаҳои  хизматиашон  ҷазои  маъмурӣ  дода шуданд.  Ба онҳо  ба  маблағи  умумии  11  ҳазору  900  сомонӣ  ҷарима  андохта шуд.  Гунаҳкорон  то  имрӯз  10 ҳазору  500  сомонӣ  маблағи  ҷаримаро  пардохтанд.                Ба  қавли  О.Шарофов,  гуноҳи  шахсони  мазкур  дар  он  ифода  меёбад, ки  аз 1716  нафар  андоздиҳанда  сари  вақт  ҳуҷҷати  пардохти  андозро  талаб  накардаанд.  Дар  натиҷа   маблағи  қарзи  андоз  хеле  зиёд  гардидааст.               Аз  раёсати андози  вилоят  хабар  доданд, ки  корхонаю  муассиса  ва  хоҷагиҳои  вилоят  то  1  апрел  аз  ҳисоби  пардохтани  андоз 128  миллиону 434  ҳазор  сомонӣ   қарздоранд.

Апрель 23, 2010 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд