ҲАДАФИ ПУЛАКӢ ШУДАНИ РОҲ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН МЕБОШАД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Тавре хабар дода шуда буд, роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд аз охири моҳи март сар карда, пулакӣ шуд. Бояд гуфт, ки сифати роҳи мазкур баъди ба куллӣ тармиму таҷдид карда шуданаш хеле беҳтар гардид. Мошини сабукрав то тармим шудани роҳ масофаи байни Душанбе ва Хуҷандро дар давоми 8 соат тай мекард, акнун барои аз Душанбе то Хуҷанд рафтан ҳамагӣ 4 соат сарф мешавад. Қайд кардан лозим аст, ки нигоҳубин ва ҳифзу муроқибати роҳи мазкурро ширкати «Инновейтив Роуд Салюмиз ЛТД» — и Британияи Кабир ба зимма гирифтааст. Директори техникии филиали ширкати мазкур дар Тоҷикистон Рустам Абдуллоев ин масъаларо шарҳ дода, зикр намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми даҳ соли охир барои рушди хоҷагии роҳҳои мамлакат зиёда аз 1,5 миллиард доллари ИМА сарф намуд. Ин маблағ асосан барои нигоҳубини роҳҳои дорои аҳамияти байналхалқӣ сарф гардид. Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи нигоҳубин, тармиму таҷдид ва таъмини бехатарии роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд бо ширкати «Инновейтив Роуд Салюмиз ЛТД» — и Британияи Кабир ба мӯҳлати 30 сол созишнома имзо кард. Бояд гуфт, ки роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд қитъаҳои зиёди хавфнок дорад. Бинобар ин таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Ҳадафи пулакӣ кардани роҳи мошингард низ танҳо таъмини бехатарии он мебошад. Агентии сиёсати зиддиинҳисоротии назди Ҳукумати мамлакат ҷадвали гирифтани пули роҳро дар асоси созишномаи зикршуда тартиб дод. Айни ҳол роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд аз километри 7 – уми он (аз посгоҳи БДА: «Чорбоғ») то километри 67 – ум (мавзеи «Майхура») пулакӣ карда шудааст. Зеро қитъаи мазкурро комиссияи давлатӣ чанде пеш қабул карда буд. Комиссияи давлатӣ қисми боқимондаи роҳро аз километри 62 –юм то километри 162 — юм (ноҳияи Айнӣ) қабул хоҳад кард. Тибқи нақша қабули роҳ аз километри 69 –ҳум то километри 368 – уми он, яъне то сарҳади Ӯзбекистон аз тарафи комиссияи давлатӣ пешбинӣ карда мешавад. Баъди қабули комиссияи давлатӣ тамоми роҳ пулакӣ хоҳад шуд. Барои гирифтани пули роҳ воситаҳои нақлиёт ба чор гурӯҳ тақсим карда шудаанд. Ба гурӯҳи аввал ҳамаи мошинҳои сабукрави ҳаҷми борбардориашон то 2 тонна, ба гурӯҳи дуюм мошинҳои миёнавазни ҳаҷми борбардориашон аз 2 то 7 тонна, ба гурӯҳи сеюм мошинҳои калонҳаҷми борбардориашон аз 7 то 14 тонна ва гурӯҳи чорум мошинҳои махсуси ҳаҷми борбардориашон зиёда аз 14 тонна дохил мешаванд. Мошинҳои гурӯҳи якум барои ҳар километри роҳ 20 дирам, мошинҳои гурӯҳи дуюм 50 дирам, мошинҳои гурӯҳи сеюм 1 сомонию 40 дирам ва мошинҳои гурӯҳи чорум 1 сомонию 78 дирам мепардозанд. Пули рафту омади мошинҳо аз ҳар ду тараф гирифта мешавад. Р.Абдуллоев афзуд, ки барои нигоҳубин ва тармими ҷории роҳ бештар аз 400 коргару мутахассиси маҳаллӣ ба кор гирифта хоҳад шуд. Ширкати англисӣ дар давоми солҳои 2010 – 2011 ба маблағи 2 миллион доллари ИМА техникаи роҳсозӣ ва ҳифзу муроқибати роҳро харидорӣ хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки зимни гирифтани пули роҳ ба баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд. Дарозии роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд 345 километр буда, дар он се туннел, 39 кӯпруки хурду калон, зиёда аз 200 километр обгурез, зиёда аз 13 метр иншоотҳои иловагии муҳофизавӣ сохта мешаванд. Мувофиқи созишномаи имзошуда, дар тамоми роҳ ягон посгоҳи БДА гузошта намешавад. Ҳаракати нақлиётро дар роҳ танҳо дастаҳои сайёри кормандони Идораи бозрасии давлатии автомобил назорат мекунанд. Дар ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва ду ноҳияи вилояти Суғд чор маркази хизматрасонии воситаҳои нақлиёт кушода мешаванд. Ба ин марказҳо мутахассисони баландихтисос ба кор гирифта хоҳанд шуд. Инчунин баъди ҳар чор километр гурӯҳҳои коргарон гузошта мешаванд, ки қитъаи худро ҳамарӯза ба тартиб меоранд. Коргарон бо асбобу анҷоми зарурии тармими роҳ ва алоқа таъмин карда мешаванд. Р.Абдуллоев изҳори умед кард, ки ҳам ронандагон ва ҳам мусофирон тартиби нави истифодаи роҳро қабул хоҳанд кард. Фаромӯш набояд кард, ки агар роҳи кӯҳистон беназорат гузошта шавад, хеле зуд харобу валангор мегардад. Дар натиҷа маблағҳои калони барои сохтани он сарфшуда талаф меёбанд ва хоҷагии роҳи мамлакат зарари калон мебинад, гуфт дар хотима Рустам Абдуллоев.