ҲАФТАИ АВРУПОИИ ЭМГУЗАРОНӢ

Апрель 24, 2010 12:51

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз  дар толори Сирки Давлатӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаҳои кушодашавии Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории вараҷа ва Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,    дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ташкилоти умумиҷаҳонии Хазинаи Глобалӣ, Барномаи рушди СММ ва дигар созмонҳои байналмилдалӣ ширкат варзиданд.  Бояд, қайд намуд, ки ҳафтаи аврупоии эмкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрел то 1 майи соли равон пешбинӣ шудааст. Мақсад аз гузаронидани Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба эм ва эмгузаронӣ мебошад. Эмкунӣ яке аз чорабиниҳои муфидтарини соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи он амалиётҳое мебошад, ки арзон буда барои саломатии тамоми аҳолӣ манфиати бузург дорад ва арзиши табобати бемор аз арзиши эмкунӣ даҳҳо маротиба зиёдтар аст. Ҳамаи кӯдакони то синни 6 сола бояд сари вақт бо ҳамаи намуди ваксинаҳое, ки Тақвими миллии эмкунӣ пешбинӣ намудааст, эм карда шаванд. Мувофиқи пешниҳоди Тақвими миллии эмкунӣ чунин бемориҳо ба востаи эмкунӣ пешгнирӣ карда мешаванд: Гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, фалаҷ,  сурхча, гулафшон, сил,  зардпарвини В, бемории гемофилии типпи b.       Танҳо эмкунӣ метавонад кӯдаконро аз бемориҳои вазини сирояткунанда муҳофизат намояд!    

Апрель 24, 2010 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад