ҲАФТАИ АВРУПОИИ ЭМГУЗАРОНӢ
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар толори Сирки Давлатӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаҳои кушодашавии Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории вараҷа ва Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ташкилоти умумиҷаҳонии Хазинаи Глобалӣ, Барномаи рушди СММ ва дигар созмонҳои байналмилдалӣ ширкат варзиданд. Бояд, қайд намуд, ки ҳафтаи аврупоии эмкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрел то 1 майи соли равон пешбинӣ шудааст. Мақсад аз гузаронидани Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба эм ва эмгузаронӣ мебошад. Эмкунӣ яке аз чорабиниҳои муфидтарини соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи он амалиётҳое мебошад, ки арзон буда барои саломатии тамоми аҳолӣ манфиати бузург дорад ва арзиши табобати бемор аз арзиши эмкунӣ даҳҳо маротиба зиёдтар аст. Ҳамаи кӯдакони то синни 6 сола бояд сари вақт бо ҳамаи намуди ваксинаҳое, ки Тақвими миллии эмкунӣ пешбинӣ намудааст, эм карда шаванд. Мувофиқи пешниҳоди Тақвими миллии эмкунӣ чунин бемориҳо ба востаи эмкунӣ пешгнирӣ карда мешаванд: Гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, фалаҷ, сурхча, гулафшон, сил, зардпарвини В, бемории гемофилии типпи b. Танҳо эмкунӣ метавонад кӯдаконро аз бемориҳои вазини сирояткунанда муҳофизат намояд!








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






