ҲАФТАИ КИТОБИ КЎДАКОНУ НАВРАСОН
Душанбе, 1 апрел. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Аз 2 то 9-уми апрели соли равон дар ҷумҳурӣ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ва намоиши китобҳо таҳти унвони «Китоб шамъи дили инсон» баргузор карда мешавад. Бояд гуфт, ки фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар доир шуда, ҳадаф аз он тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кўдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷўҳи хонандагони наврас, аз ҷумла хонандагони эҳтимолӣ ба китобу хониш, ба китобхона ҳамчун маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули одат ва малакаҳои хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон мебошад. Вазифаҳои Фестивал таъмин намудани иштироки фаъолонаи кўдакон дар баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва бедорсозии шавқу рағбати онҳо ба донишомўзӣ, дастовардҳои илмӣ-техникӣ, технологияи муосир, бунёдкориву созандагӣ ва тарбияи хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба шумор меравад. Дар ҷараёни фестивал як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тариқи вохўриҳо бо шоирону нависандагон ва адибону олимон, намоиш ва савдои китобҳо, шиносоӣ бо китобхонаҳо, қироати шеърҳо беҳтару бештар шинос кардани насли наврас бо таърихи миллат, дастовардҳои истиқлолияти миллӣ, мероси баландғояю гаронбаҳои ниёгон мебошад. Ҳамчунин ин гуна чорабиниҳои самарабахши оммавӣ бо мақсади тарбияи насли наврас дар рўҳияи созандагӣ, ташвиқу тарғиби ҳамаҷонибаи асарҳои замонавӣ ва хонданибоби адибону олимон ва ғайра дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ доир карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






