ҲАМКОРӢ БАРОИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз 1 то 4 апрел дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсияи муассисаҳои молиявии карздиҳанда барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид. Дар маҷлис муовини аввали раиси Бонки «Аграркредит» — и Озарбойҷон Юсуф Валиев, муовини раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Тӯронбонк» — и Озарбойҷон Фазоил Мӯсоев, раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Белагропромбанк» — и Белорусия Сергей Румас, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии «Промагролизинг» — и Белорусия Павел Крупнов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Росселхозбанк» Юрий Трушин, раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Айилбанк» — и Қирғизистон Мария Таранчиева, раиси Шӯрои мудирони «Чингизхонбонк» — и Муғулистон Сергей Громов ва раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров иштирок намуданд. Маҷлис таҳти раёсати Т.Пиров гузашт. Вай изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории муассисаҳои молиявӣ дар доираи Ассотсиатсияи муассисаҳои молиявии карздиҳандаи мамлакатҳои узви Ҷомеаи иқтисодии Евразия барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар сохтани фаъолияти худи бонкҳо аҳамияти калон дорад. Иштирокчиёни маҷлис дар фарҷоми он меморандуми ҳамкорӣ имзо намуданд. Дар он роҳу усулҳои асосии рушди хамкорӣ муайян карда мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






