ҲАМКОРӢ БАРОИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Апрель 6, 2010 09:41

Душанбе,  6 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Аз  1  то  4  апрел  дар  шаҳри  Душанбе   маҷлиси  умумии   аъзоёни  Ассотсиатсияи  муассисаҳои  молиявии  карздиҳанда  барои  пешрафти  соҳаи  кишоварзӣ баргузор  гардид. Дар маҷлис  муовини  аввали  раиси Бонки «Аграркредит» — и  Озарбойҷон Юсуф  Валиев, муовини раиси  Ҷамъияти  саҳҳомии «Тӯронбонк» — и  Озарбойҷон  Фазоил  Мӯсоев,  раиси  Ҷамъияти  саҳҳомии «Белагропромбанк» — и  Белорусия Сергей  Румас,  директори  генералии Ҷамъияти  саҳҳомии «Промагролизинг» — и  Белорусия  Павел  Крупнов, раиси  Ҷамъияти  саҳҳомии «Росселхозбанк»  Юрий  Трушин, раиси  Ҷамъияти  саҳҳомии «Айилбанк» — и  Қирғизистон Мария  Таранчиева,  раиси  Шӯрои  мудирони  «Чингизхонбонк» —  и  Муғулистон  Сергей  Громов ва  раиси  Шӯрои  нозирони  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин  Пиров  иштирок  намуданд. Маҷлис  таҳти раёсати  Т.Пиров  гузашт. Вай  изҳори  боварӣ  намуд, ки  ҳамкории  муассисаҳои  молиявӣ  дар  доираи   Ассотсиатсияи  муассисаҳои  молиявии  карздиҳандаи  мамлакатҳои  узви  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия барои  пешрафти  соҳаи  кишоварзӣ ва  беҳтар  сохтани  фаъолияти  худи  бонкҳо  аҳамияти  калон  дорад. Иштирокчиёни  маҷлис   дар  фарҷоми он  меморандуми   ҳамкорӣ имзо  намуданд.  Дар он  роҳу  усулҳои  асосии  рушди  хамкорӣ муайян  карда  мешаванд.

Апрель 6, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид