ҲАМКОРӢ БАРОИ ШАФФОФИЯТИ БУҶЕТ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов имрӯз бо мушовири байналмилалии Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ Ёрис Эндел мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳияи буҷет бо назардошти муносибатҳои нав мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ёрис Эндел, ки беш аз як сол боз дар таҳияи буҷет бо равишҳои навин дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба рохбари нави вазорат гузориш дод. Ӯ мухтасар роҷеъ ба ислоҳоти буҷет, равиши буҷети барномавӣ, тақвими буҷетӣ, банақшагирӣ ва сохтори дифои буҷет бо равишҳои навин сухан ронд. Масъалаи ширкати роҳбарияти вазорат дар таҳияи буҷет мавзӯи дигари мулоқот буд. Бино ба тағйироти хайати роҳбарикунандаи вазорат пешниҳод шуд, ки масъулият ва назорати ҷараёни таҳияи буҷет ба зиммаи муовини аввали вазир Эмин Сангинов гузошта шавад. М. Маҳмадаминов аз саъю талоши маъмурияти Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Вазорати меҳнат изҳори қаноатмандӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки 14 апрели соли 2008 оид ба барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ қарордод ва ёддошти тафоҳуми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ба имзо расида буд ва аз моҳи майи соли 2008 дар баъзе вазоратҳо ба тариқи озмоиш истифода бурда мешавад. Барнома тавассути консортсиуми ширкати голландии Экорис, ширкати фаронсавии Сореко ва ширкати маҳаллии Силк Руд Комюникешн амалӣ мешавад. Ин лоиҳа, ки дар соли дуввуми фаъолияти худ қарор дорад, асосан барои 30 моҳ пешбинӣ карда шудааст. Лоиҳаи мазкурро гурӯҳи кории иборат аз роҳбари нави гурӯҳ ҷаноби Юрай Речко дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самвел Маркосян мушовири соҳаи маориф дар вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Янис Янковский – мушовири соҳаи тандурустӣ дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрис Ендел-мушовири соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ хамрохи чаҳор корманди маҳаллӣ — ассисентҳо; Марина Қодирова дар вазорати молия, Мушарраф Солиева дар Вазорати маориф, Таҳмина Раҳматова дар вазорати тандурустӣ ва Саъди Ворисов дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






