ҲАМКОРӢ БАРОИ ШАФФОФИЯТИ БУҶЕТ

Апрель 14, 2010 16:15

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов имрӯз бо мушовири байналмилалии  Барномаи миёнамӯҳлати  хароҷоти давлатӣ Ёрис Эндел мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот  масъалаҳои марбут ба таҳияи буҷет бо  назардошти муносибатҳои нав  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ёрис Эндел, ки беш аз як сол боз дар  таҳияи буҷет бо равишҳои навин дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон фаъолият дорад,  ба рохбари  нави вазорат гузориш дод. Ӯ мухтасар роҷеъ ба ислоҳоти буҷет, равиши буҷети барномавӣ, тақвими буҷетӣ, банақшагирӣ ва сохтори дифои буҷет бо равишҳои навин сухан ронд.  Масъалаи ширкати роҳбарияти вазорат дар таҳияи буҷет мавзӯи дигари мулоқот буд. Бино ба тағйироти хайати роҳбарикунандаи вазорат пешниҳод шуд, ки масъулият ва назорати ҷараёни  таҳияи буҷет ба зиммаи  муовини аввали вазир Эмин  Сангинов гузошта шавад. М. Маҳмадаминов аз саъю талоши маъмурияти Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Вазорати меҳнат изҳори қаноатмандӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки 14 апрели соли 2008 оид ба барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ қарордод ва ёддошти тафоҳуми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва намояндагии Комиссияи  Аврупо дар Тоҷикистон ба имзо расида буд ва  аз моҳи майи соли 2008   дар баъзе вазоратҳо ба тариқи озмоиш истифода бурда мешавад. Барнома тавассути консортсиуми ширкати голландии Экорис, ширкати фаронсавии Сореко ва ширкати маҳаллии Силк Руд Комюникешн амалӣ мешавад. Ин лоиҳа, ки дар соли дуввуми фаъолияти худ қарор дорад, асосан барои 30 моҳ пешбинӣ карда шудааст. Лоиҳаи мазкурро гурӯҳи кории иборат аз роҳбари нави гурӯҳ ҷаноби Юрай Речко дар Вазорати молияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самвел Маркосян мушовири соҳаи  маориф дар вазорати маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Янис Янковский – мушовири соҳаи тандурустӣ дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Ёрис Ендел-мушовири соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ хамрохи чаҳор корманди маҳаллӣ — ассисентҳо; Марина Қодирова дар вазорати молия, Мушарраф Солиева дар Вазорати маориф, Таҳмина Раҳматова дар вазорати тандурустӣ ва Саъди Ворисов дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ менамоянд.  

Апрель 14, 2010 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!