ҲУКМИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД, ЧАРО?

Апрель 14, 2010 10:42

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯзи содир кардани ҷиноят дар ҳудуди ноҳияи Бохтар аз ҷониби ронандаи мошини сабукрави «Опел» Сӯҳроб Тағоев як сол гузашт. Дар натиҷаи вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ Сӯҳроб Тағоев Фирӯзи ноболиғро пахш карда сахт маҷрӯҳ намуд ва ӯро дар  беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ намуданд. Прокурори ноҳияи Бохтар нисбати ронанда Сӯҳроб Тағоев бо моддаи 212 қ.2 КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, баъди тафтишот онро ба суд пешниҳод намуд. Суди ноҳияи Бохтар  баъди баррасии парванда, ҷинояткор Сӯҳроб Тағоевро ба  мӯҳлати 3 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва барои табобати ҷабрдида 5641 сомонию 90 дирам товони зарарро ба фоидаи Абдуҷаббор Тошев (падари ҷабрдида) қарор қабул карда,  барои иҷро онро ба иҷрочии  суд А.Юнусов супорид. 12 – уми январи соли 2010 иҷрочии суд барои рӯёнидани товони зарар нисбати С. Тағоев ҳабси амвол гузаронд, аммо қарор ноиҷро монд. Саволи матраҳ ин аст, ки барои иҷрои ҳукми суд боз кӣ метавонад мусоидат кунад, ғайр аз суд?

Апрель 14, 2010 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд