ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ БА ВКХ ҚАРЗ МЕДИҲАД

Апрель 29, 2010 16:08

Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ ҷиҳати интиқоли таҷҳизот ва бланкҳои шиносномаҳои хориҷӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ қарз медиҳад. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов зимни баррасии масъалаи мазкур дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ гуфт, ки қарзи мазкур ба муддати ду сол, яъне то соли 2012 баргаронида мешавад. Ҷамшед Норинов афзуд, ки мақсади асосии ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» таъмини шаҳрвандони  ҷумҳурӣ бо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ аст. Бояд, зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2010 додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон ҷорӣ гардидааст. Инчунин, тибқи қонуни мазкур воридоти таҷҳизот ва бланкҳои шиносномаҳои биометрӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд,  аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мегарданд. Нархи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ барои кӯдакони то 16 сола $25, шиносномаи хориҷии биометрии умумишаҳрвандӣ $75, хизматӣ $ 100  ва барои дипломатҳо $125-ро ташкил медиҳад. Гузариш ба чунин навъи шиноснома талаботи Созмони байналмилалии шаҳрвандии ҳавонавардӣ  /ИКАО/ қароргоҳаш шаҳри Монрели Канада буда, алҳол дар 70 давлати дунё чунин навъи шиносномаҳо ҷорӣ гардидааст. Дар радифи 190 давлати ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз соли 1993 ба Созмони байналмилалии шаҳрвандии ҳавонавардӣ /ИКАО/ ҳамроҳ шудааст.

Апрель 29, 2010 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд