ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ БА ВКХ ҚАРЗ МЕДИҲАД
Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ ҷиҳати интиқоли таҷҳизот ва бланкҳои шиносномаҳои хориҷӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ қарз медиҳад. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов зимни баррасии масъалаи мазкур дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ гуфт, ки қарзи мазкур ба муддати ду сол, яъне то соли 2012 баргаронида мешавад. Ҷамшед Норинов афзуд, ки мақсади асосии ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» таъмини шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ аст. Бояд, зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2010 додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон ҷорӣ гардидааст. Инчунин, тибқи қонуни мазкур воридоти таҷҳизот ва бланкҳои шиносномаҳои биометрӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мегарданд. Нархи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ барои кӯдакони то 16 сола $25, шиносномаи хориҷии биометрии умумишаҳрвандӣ $75, хизматӣ $ 100 ва барои дипломатҳо $125-ро ташкил медиҳад. Гузариш ба чунин навъи шиноснома талаботи Созмони байналмилалии шаҳрвандии ҳавонавардӣ /ИКАО/ қароргоҳаш шаҳри Монрели Канада буда, алҳол дар 70 давлати дунё чунин навъи шиносномаҳо ҷорӣ гардидааст. Дар радифи 190 давлати ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз соли 1993 ба Созмони байналмилалии шаҳрвандии ҳавонавардӣ /ИКАО/ ҳамроҳ шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






